«Помир Энержи» фаъолияти нерӯгоҳҳои хурдро танзим мекунад

Ширкати «Помир Энержи» нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқиро, ки дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ ҷойгиранд, бо иншооти марказии барқии вилоят мутамарказ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, чанд рӯз қабл ба иншооти марказии истеҳсоли барқи вилоят нерӯгоҳи хурди «Наматгут», воқеъ дар ноҳияи Ишкошим васл шуд. «Нерӯгоҳҳои хурди воқеъ дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилоят бинобар сабаби фарсудашавӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати «Помир Энержи» нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқиро, ки дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ ҷойгиранд, бо иншооти марказии барқии вилоят мутамарказ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, чанд рӯз қабл ба иншооти марказии истеҳсоли барқи вилоят нерӯгоҳи хурди «Наматгут», воқеъ дар ноҳияи Ишкошим васл шуд.

«Нерӯгоҳҳои хурди воқеъ дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилоят бинобар сабаби фарсудашавӣ сол то сол истифодаашон мушкилтар мегардад ва дар сурати мутамарказ сохтани онҳо бо иншооти гидроэнергеткии марказӣ, имкон пайдо мешавад, ки нерӯи барқи зиёдатии дар нерӯгоҳҳое чун «Помир-1» ва «Хоруғ» истеҳсолшуда ба истеъмолгарони дигар ноҳияҳои ВМКБ интиқол дода шавад», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ин таҷрибаи ҳамоҳангсозии фаъолияти иншооти гидроэнергетикӣ таҷрибаи нахустини ширкат буда, акнун ҳудуди ҳазор нафар истеъмолгарони дараи Вахон, ки дар масофаи беш аз садҳо километр сукунат доранду аз нерӯгоҳи хурди «Наматгут» бо барқ таъмин мешуданд, айни замон бо нерӯи барқи бештар босифат ва мунтазам таъминанд.

Зимнан зикр гардид, ки таҷҳизот барои ин раванди душвори васл аз ширкати «HYDRO TU»-и Чин дастрас шуда, корҳои васлу насб дар ҳамдастӣ бо муҳандисони Чин муддати се ҳафта ба сомон расонида шуданд ва таҷҳизот аз озмоиши 72-соата гузаронида шудааст. «Ояндаи наздик  васли нерӯгоҳи хурди «Шуҷанд»-и ноҳияи Рӯшон ба иншооти гидроэнергетикии маркази вилоят дар назар буда, он ба беҳбуди сифат ва эътимоднокии интиқоли барқ ба сокинони водии Бартанг имкони мусоид фароҳам месозад», – афзуданд дар ширкати «Помир Энержи».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.