Дар тренинги имрӯза дар чаҳорчӯби лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳти унвони «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» методҳои идоракунии муассири ҳаракат дар роҳ ва ҷорисозии хати ҳаракат барои велосипедҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Мушовири лоиҳа оид ба робита бо ҷомеа Нигора Остонова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштирокчиёни тренинг ҳамчунин бо таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ дар ин самт шинос хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар чорабинии мазкур раҳбрияти КВД «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», «Тролеейбус» ва ҳамчунин намояндагони ҳукумати пойтахт, КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон», БДА-и пойтахт, мутахассисони пажуҳишгоҳи нақлиёт ва кормандони дигар ташкилотҳои манфиатдор иштирок мекунанд.
«Тренинг ба шиносоии наздик бо ҷузъҳои низоми идоракунии ҳаракат дар роҳ имкон фароҳам оварда, ба беҳбуди огаҳиву дониши ҳайати шахсии корхонаҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард», – зикр кард Остонова.



