Таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар Грозний баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Грознийи Русия ҷаласаи сайёри Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев баргузор гардида, дар он оид ба вазъ дар минтақаи масъули Созмон ва қаламрави наздики он дабири куллли СААД Николай Бордюжа […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Грознийи Русия ҷаласаи сайёри Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев баргузор гардида, дар он оид ба вазъ дар минтақаи масъули Созмон ва қаламрави наздики он дабири куллли СААД Николай Бордюжа маърӯза хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи расонидани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон» дар кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмон оид ба масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа имзои санадҳои марбут ба самтҳои рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишвархои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди фаъолияти ҷинояткорона дар бахши иттилоот, тадбирҳои муштараки омодагии фаврӣ ва ҷангии мақомоти идоракунӣ ва ташаккули нерӯ ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъона ва ҳамчунин роҳандозии фаъолияти пешниҳоди рекламаву баргузории намоишгоҳҳо дар соҳаи ҳамкориҳои низомиву иқтисодии СААД дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.