Хатлон: Аз фаъолият бозмондани ошхонаҳои мактаб ва кӯдакистонҳо

Маркази санитариву эпидемилогии вилояти Хатлон фаъолияти 4 ошхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дар минтақаро муваққатан боздошт. Сардухтури санитарии вилояти Хатлон Нурулло Бояков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз фаъолият бозмондани ошхонаҳо риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ аст. «Ин ошхонаҳо то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуданд», – гуфт Бояков. Ба гуфтаи […]

Сайраҳмон Назриев



Маркази санитариву эпидемилогии вилояти Хатлон фаъолияти 4 ошхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дар минтақаро муваққатан боздошт.

Сардухтури санитарии вилояти Хатлон Нурулло Бояков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз фаъолият бозмондани ошхонаҳо риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ аст. «Ин ошхонаҳо то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуданд», – гуфт Бояков.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози сол дар вилояти Хатлон вазъи санитарии 4 ҳазору 72 иншоот санҷида шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин санҷишҳо 850 нафар ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. «Онҳо ба маблағи умумии 70 ҳазору 310 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», – иброз дошт сардухтури вилоят.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фаъолияти 143 иншооти дигар то бартараф намудани камбудиҳо боздошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.