Ба журналистон меъёрҳои байнулмилалли журналистикаро омӯзониданд

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рўзҳои 18-19 апрели соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналхалқии журналистика» ба 12 нафар журналистони шаҳри Душанбе ва Турсунзода, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро омўзонд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ ва ҳамчунин дар расонаҳои […]

ASIA-Plus



Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рўзҳои 18-19 апрели соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналхалқии журналистика» ба 12 нафар журналистони шаҳри Душанбе ва Турсунзода, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро омўзонд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ ва ҳамчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои судӣ кашида мешаванд, татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистикаро роҳнамоӣ мекунад. Фирўз Баротов, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеиро нақл кард.

Дар робитаи мустақим, иштирокчиёни тренинг барои омода кардани мақолаҳои хабарӣ- таҳлилӣ, интихоби мавзуҳои наве, ки барои хонандагони байналмилалӣ ҷолиб бошанд, баҳс намуданд. Аз ҳама ҷолиб барои иштирокчиён бахши усули гузаронидани мусоҳиба буд ва журналистоне, ки таҷрибаи бештар доштанд, чандин лаҳзаҳоро аз фаъолияти кории худ ёдовар шуданд.

«Дарк кардам, ки риояи риояи меъёрҳои касбӣ ва принсипҳои журналистика моро ҳамчун сипар ҳимоя мекунанд ва журналистро худбовар мекунад. Донишҳое, ки мо дар тули ин ду рӯзи тренинг омӯхтем, ба мо имкон медиҳанд, ки дар асоси стандартҳои байналхалқӣ мавод таҳия кунем ва бадин васила бо воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намоем”, гуфт яке аз иштирокдорони тренинг Давлатёри Байдулло, хабарнигори радиои Азия Плюс.

IWPR нақша дорад, дар оянда чунин тренингҳоро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қўрғонтеппа низ, гузаронад.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.