Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаи худ ба ҳарду палатаи парлумонро ироа мекунад. Пахши мустақими ироаи паёми президент тариқи тамоми шабакаҳои давлатии радиову телевизион саоти 10:00 оғоз мегардад;

– Дар бозии охирини даври гурӯҳии Ҷоми КФО оид ба футбол дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар сафар бо дастаи «Сафо»-и Лубнон қувваозмоӣ мекунад;

– Дастаи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ, озод ва занона, ки дар Қазоқистон оғоз мегардад, ширкат меварзад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.8216

сомонӣ;


1

евро –

6.6917

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


57

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1958

– Ифтитоҳи Анҷумани аввалини рассомони Тоҷикистон.


2010

— Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бори сеюм пайи ҳам раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.


1913

– Зодрӯзи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, директори совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонтеппа (феълан хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон) Юрий Дмитриевич Воронин.


1951

– Мавлуди доктори улуми педагогӣ Маҳмудҷон Боқиев.


1955

– Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизов.


1955

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Толибҷон Бобоев.


1959

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Маҳмадалӣ Аюбов.


1961

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қурбоналӣ Абдуллоев.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +15+20;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона +2+7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.

spot_imgspot_img

Популярное