Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозии дигар миёни ду дастаи шаҳри Душанбе – «Истиқлол» ва «Энергетик» – бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.
Ба иттилои манбаъ, ду бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбеи 27-уми апрел баргузор шуда, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе аз тими меҳмон – Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – бо ҳисоби бузурги 0-3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаи мизбон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.
Гуфта мешавад, бозии охирини ин давр имрӯз, 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.



