Мунтахаби футзали Тоҷикистон имрӯз ба Ветнам меравад

Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон имрӯз таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камалетдинов ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 ба Ветнам раҳсипор мешавад. Ин мусобиқот аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини ин кишвар баргузор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 19 нафар […]

Аваз Юлдошев



Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон имрӯз таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камалетдинов ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 ба Ветнам раҳсипор мешавад. Ин мусобиқот аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини ин кишвар баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 19 нафар нахуст ба шаҳри Алмаато парвоз намуда, сипас ба Ҳошимин мераванд.

Ба ҳайати мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.

Бозии аввали дастаи Тоҷикистон бо тими Қувайт рӯзи 30 юми апрел доир гардида, сипас мунтахаби ҷумҳурӣ санаи 2-юми май бо тими мизбон – дастаи Ветнам ва рӯзи 4-уми май бо дастаи Ироқ қувваозмоӣ мекунад.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ, мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.