Раиси Хатлон андозситонҳоро ба иҷрои 120%-и нақшаи ҳармоҳа вазифадор кард



Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов назди мақомоти андози вилоят вазифа гузошт, ки ҳар моҳ нақшаи ҷамъоварии андозро то 120% ба иҷро расонанд.

Сардори Раёсати хадамоти андози вилояти Хатлон Сироҷиддин Гулмуродов дар ин робита изҳор намуд, ки раиси вилоят ҷараёни иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозро ҷиддӣ зери назорат гирифта, вазифа гузоштааст, ки санаи 22-юми ҳар моҳ нақшаи ҷамъоварии андозҳо на камтар аз 120% иҷро карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилоят 108,4% ё 130 млн. 487 ҳазор сомонӣ ба иҷро расида, ба буҷет 141 млн. 499,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 11 млн. сомонӣ бештар аст.

Чанде қабл зимни сафар ба ноҳияи Панҷ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов таъкид дошта буд, ки ҳар кадоме аз ноҳияҳо барои ҷамъоварии андоз сарчашмаҳои кофӣ доранд. «Тибқи ҳисобҳои ман, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз бояд дар сатҳи на камтар аз 120% ба иҷро расад. Барои ин танҳо каме ҳисси масъулият доштан зарур аст», – гуфта буд ӯ он замон.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи андозсупорандагони вилоят дар назди буҷет 138,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 3,8 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Афзоиши қарзҳо бештар дар ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Ховалинг, Данғара ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд ба мушоҳида расидааст.

spot_imgspot_img

Популярное