Эътирози даъвогарон ба шикояти кассатсионии «Азия-Плюс»

Ҷаласаи коллегияи судии кассатсионӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» пагоҳ соати 10-00 идома меёбад. Ҷаласаи нахусти ин мурофиа дар ҳайати судяҳо Қосимов ва Исоев таҳти раёсати муовини раиси суди пойтахт Шамсиддин Азизов доир гардид. Дар […]

ASIA-Plus



Ҷаласаи коллегияи судии кассатсионӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» пагоҳ соати 10-00 идома меёбад.

Ҷаласаи нахусти ин мурофиа дар ҳайати судяҳо Қосимов ва Исоев таҳти раёсати муовини раиси суди пойтахт Шамсиддин Азизов доир гардид.

Дар робита ба аз ҷониби Иноят Иноятов, адвокати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина пеш овардани шикояти иловагӣ нисбати риоя нашудани меъёрҳои ҳуқуқҳои мурофиавӣ аз тарафи суди зинаи аввал ва ҳамчунин омӯзиши эътирози даъвогарон ба шикояти кассатсионӣ, коллегияи кассатсионӣ ҷаласаро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»

(Неинтелегентно об интеллигенции)

аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар

мурофиаи рӯзи 13-уми феврал

намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳор намуда буд, ки «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».

Зимни сухани ниҳоии худ дар музокироти ҷонибҳо намояндагони газета – Иноят Иноятов ва Шуҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳо изҳор намуданд, ки тамоми асосҳои қаблан изҳоршудаи даъвогарон ғайриқонунӣ ва бепояанд.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад.

Ин ҳалномаи суд вокуниши манфии ҷомеаи журналистӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷиро ба бор овард, ки онҳо ин қарори судро маҳкум намуданд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» аз низоми адолати судии Тоҷикистон даъват кард, ки ҳалномаи суд нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бекор  ва аз суди апеллятсионӣ баррасии беғаразонаи ин қазияро дархост кард. «Ин қарори бемаънӣ ба фаъолияти журналистикаи мустақили тоҷик таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад», – изҳор дошт роҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии созмони мазкур Иоганн Бир.

Намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Дуня Миятович зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили озодии расонаҳои хабарӣ дар Ню-Йорк дар робита ба ин қарори суд изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки он ба сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Ассотсиатсияи миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) қарори судро «зарба ба озодии васоити ахбори умум» арзёбӣ кард.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.