Омодагии Австралия ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод бо сафири Австралия дар Тоҷикистон Пол Майер масоили ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи сармоягузории имконпазири Австралия ба рушди иқтисоди Тоҷикистон табодули назар сурат гирифта, сафири Австралия муҳити […]

ASIA-Plus



Имрӯз зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод бо сафири Австралия дар Тоҷикистон Пол Майер масоили ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи сармоягузории имконпазири Австралия ба рушди иқтисоди Тоҷикистон табодули назар сурат гирифта, сафири Австралия муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро зикр кардааст.

«Мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Австралия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, рушди соҳаи саноати истихроҷи маъдан, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, рушди бахши хусусӣ ва ғайра кӯшиш ба харҷ диҳем», – иброз доштааст сафир.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, ҷониби Австралия изҳор намудааст, ки ҷонибдори таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои инфрасохтор ва энергетика низ мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистиону Австралия 113,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 қариб 9 баробар зиёдтар аст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Австралия ҳеҷ маҳсулоте содир нашуда, ҳамаи ҳаҷми муомилотро воридот аз Австралия ба маблаги 131,1 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.