Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири нави Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармелла Шамирро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Сироҷиддин Аслов сафири нави Австралия дар Тоҷикистон Пол Майлерро ба ҳузур пазируфта, Эътимодномаи ӯро низ қабул кард.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Австралия, масъалаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва инчунин гуманитарӣ иброз намуданд.



