С.Аслов нусхаи эътимодномаҳои сафирони Исроилу Австралияро қабул кард

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири нави Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармелла Шамирро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд. Ба […]

ASIA-Plus



Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири нави Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармелла Шамирро ба муносибати супурдани нусхаи Эътиборнома ба ҳузур пазируфт. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Сироҷиддин Аслов сафири нави Австралия дар Тоҷикистон Пол Майлерро ба ҳузур пазируфта, Эътимодномаи ӯро низ қабул кард.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Австралия, масъалаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва инчунин гуманитарӣ иброз намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.