Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизбҳои ҳокими Тоҷикистону Қазоқистон



Чанде қабл дар шаҳри Остона миёни Ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан»-и Қазоқистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба маълумоти сомонаи расми ҲХДТ, санадро муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва муовини аввали раиси ҳизби халқӣ-демократии «Нур Отан» Бауржан Байбек ба имзо расониданд.

«Зимни гуфтушунидҳо қабл аз имзои созишнома намояндагони ҳизбҳои ҳокими ҳарду кишвар таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва «Нур Отан» ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа, рушди муносибатҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ миёни мардуми Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат мекунад», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки  ҳоло ҳизби «Нур Отан» дар сафҳои худ зиёда аз 940 ҳазор аъзоро дар кумитаҳои ҳизбии 18 вилоят ва  212 ноҳияи Қазоқистон муттаҳид намудааст, ки ин 6 фоизи  аҳолии Қазоқистонро ташкил медиҳад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

spot_imgspot_img

Популярное