Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар бинои бойгонӣ (архив)-и давлатӣ (паҳлӯи мақомоти шаҳрдории пойтахт) бахшида 100-умин солгарди зодрӯзи оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ конфронс барпо мешавад. Оғоз соати 14-30;

– Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии шикояти апеллятсионӣ аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» идома меёбад. Оғоз соати 10-00;

– Дар ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқоти ҷумҳуриявии тенниси рӯи миз миёни кӯдакони маъюб ба итмом мерасад;

– Дар Душанбе даври ниҳоии Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба тӯби дастӣ (гандбол) миёни ҷавонон баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.8387

сомонӣ;


1

евро –

6.8428

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1349

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1949

– Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи обӣ-барқии Варзоб.


1961

— Дар Сталинобод боғи ҳайвонот ба фаъолият шурӯъ кард.


1963

— Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мавриди истифода қарор гирифт


1964

– Сохтмони лӯлаи интиқоли гази Колхозобод-Душанбе ба итмом расид.


1997

– Суиқасд ба ҷони президенти ҶТ Э.Раҳмонов дар Хуҷанд.


1935

– Зодрӯзи фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмадов.


1949

– Мавлуди олим Солеҳ Болтаев.


1930

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қимматшо Ҳимматшоев.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +19+24;  дар шарқи вилоят шабона -1-6, рӯзона +6+11.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.

spot_imgspot_img

Популярное