Идомаи баррасии шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов



Адвокатҳои Зайд Саидов, соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда зимни баррасии шикояти кассатсионӣ бори дигар изҳор намуданд, ки ҳукми нисбати зерҳимояи онҳо содиршуда аз ҷониби судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайров беасос ва бепоя аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, ҳамроҳ бо адвокати дигар Исҳоқ Табаров онҳо дар суд бо далелҳои бегуноҳии зерҳимояашон суханронӣ кардаанд. «Мо тамоми далелҳои бегуноҳии Зайд Саидовро пешниҳод кардем», – таъкид дошт Қудратов.

Ҷаласаи навбатӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионӣ рӯзи 12-уми май дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ доир гардида, намояндаи айбдоркунанда сухани ниҳоии худро ироа мекунад. Пас аз ин мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, нисбати ҳукм қарори худро содир мекунад.

Қудратов зикр кард, ки соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар ҳар як ҷаласаи суд изхор мекунад, ки тамоми айбномаҳо нисбати ӯ туҳмат буда, ҳукм ғайриқонунӣ аст.

Ҷаласаи аввал оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда санаи 15-уми апрел доир гардида буд. Шикоятро ба Суди олӣ адвокатҳо 30-юми декабри соли 2013 пешниҳод карда буданд.

Шуҳрат Қудратов зикр кард, ки ин шикояти пешакӣ аст, зеро ҷониби ҳимоя то ҳанӯз нусхаи ҳукми судро дастрас накардааст ва мушаххасан огаҳ нест, ки дар асоси кадом айбномаҳо рӯзи 25-уми декабри соли 2013 зерҳимояи онҳо Зайд Саидов ба 26-соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

spot_imgspot_img

Популярное