Баррасии масоили омодасозии кадрҳо барои кишварҳои узви СААД дар Душанбе

Ҳафтаи равон дар доираи ҳамкориҳои муштараки созмонҳои байналхалқӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимӣ-ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти мавзӯи «Пурзӯрнамоии ҳатмии вазифаи Ситоди дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кори омодасозии кадрҳо ва мутахассисон, барои кишварҳои аъзо» ҷаласаи васеи илмӣ доир гардид. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Ҳафтаи равон дар доираи ҳамкориҳои муштараки созмонҳои байналхалқӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимӣ-ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти мавзӯи «Пурзӯрнамоии ҳатмии вазифаи Ситоди дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кори омодасозии кадрҳо ва мутахассисон, барои кишварҳои аъзо» ҷаласаи васеи илмӣ доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини вобастаи соҳаи кадрии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои созмони мазкур-Федератсияи Руссия, Белорусия, Армения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷарёни баргузории ҷаласа иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, перомуни рушд ва ҳолати тайёр намудани мутахассисони ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, муассисаҳои таълимии тобеи вазоратҳои мудофиа дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм дар омода намудани мутахассисони ҳарбӣ масъулияти баландро бар дӯш доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охир таваҷҷӯҳи асосӣ дар самти иҷроиши ҳатмии нақшаи амалигардонии роҳҳои асосии рушди ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то соли 2020-ум, ки 23-юми сентябри соли 2013 бо қарори Шӯрои дастаҷамъӣ ва бехатарии созмони мазкур, дар хусуси омода намудани мутахассисони ҳарбӣ тасдиқ гардидааст, зоҳир карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.