Ҳабси сокини Варзоб барои куштани ҳамдиёраш

Сокини деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб, соҳибкори 21-сола Раҷаббек Каримов ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҳамдиёри худ ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ноҳияи Варзоб, дар даромадгоҳи деҳаи Чағатайи ҳамин ноҳия ҷасади шаҳрванд Сорбон Раҳмонови 28-сола, сокини ҷамоати Чорбоғ бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои […]

ASIA-Plus



Сокини деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб, соҳибкори 21-сола Раҷаббек Каримов ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҳамдиёри худ ба ҳабс гирифта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ноҳияи Варзоб, дар даромадгоҳи деҳаи Чағатайи ҳамин ноҳия ҷасади шаҳрванд Сорбон Раҳмонови 28-сола, сокини ҷамоати Чорбоғ бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дарёфт карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки Раҷаббек Каримов бо шаҳрванд Сорбон Раҳмонов дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада (бо сабабе, ки Каримов Р. бо автомашинааш оби лойро ба бадани Раҳмонов С. пош медиҳад), Раҷаббек Каримов бо корди дар дасташ буда ба бадани Сорбон Раҳмонов якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса нисбати номбурда ҳабси пешакӣ татбиқ карда шуда, мутобиқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.