Раиси ПСС ҶТ таъсиси Шӯрои кории «Тоҷикистон – Дубай»-ро пешниҳод кард

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Дубай Ҳасан-ал Ҳошимӣ масоили роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Дубай баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ атрофии маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дастгирии соҳибкорони ҳарду кишвар дар роҳандозии тиҷорати дуҷониба, […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Дубай Ҳасан-ал Ҳошимӣ масоили роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Дубай баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ атрофии маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дастгирии соҳибкорони ҳарду кишвар дар роҳандозии тиҷорати дуҷониба, иштироки доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ПСС Дубай, содироти маҳсулоти тайёри Аморати Муттаҳидаи Араб ба бозорҳои Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Ҳасан-ал Ҳошимӣ зикр кардааст, ки доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ПСС Дубай иштирок карда, метавонанд муносибатҳои нави тиҷоратӣ ба роҳ монда, ба бозорҳои минтақаи Шарқи Наздик роҳ ёбанд.

Шариф Саид нияти дар Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти Дубай ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Дубайро изҳор намуда, ҳамчунин зарурати таъсиси Шӯрои кори «Тоҷикистон – Дубай»-ро таъкид доштааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои иқтисоду саноати Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди сабзавоту мева, нахи пахта, пӯст, дӯзандагиву бофандагӣ низ баррасӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.