Рӯзи 6-уми май дар шаҳри Ню-Йорк Протоколи иловагӣ дар бораи кафолати амният ба Шартнома оид ба минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои сомонаи Созмони Милали Муттаҳид, дабири кулли Созмон Пан Ги Мун аз имзои ин протокол аз ҷониби кишварҳои дорои аслиҳаи ҳастаӣ – Британияи Кабир, Чин, Русия, ИМА ва Фаронса истиқбол кард.
Дар изҳороти дабири кули СММ таъкид мешавад, ки панҷгонаи кишварҳои дорои аслиҳаи ҳастаӣ ба эҳтироми мақоми минтақа ва истифода накардани аслиҳаи ҳастаӣ нисбати давлатҳои минтақа уҳдадор шуданд.
Шартнома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ 8-уми сентябри соли 2006 дар Семипалатинск аз ҷониби иштирокчиёни он – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расида буд. Шартнома 21-уми марти соли 2009 мавриди амал қарор гирифта, аз мақоми бидуни аслиҳаи Осиёи Марказӣ шаҳодат дод.
Аз ҷониби панҷгонаи кишварҳои дорои аслиҳаи ҳастаӣ ба имзо расидани Протоколи иловагӣ ба Шартнома ба ҷараёни машваратҳо оид ба масъалаи ба кишварҳои Осиёи Марказӣ додани кафолатҳо хотима бахшид.
Қобили зикр аст, ки Шартномаи мазкур истифодаи энергияи ҳастаӣ бо ҳадафҳои осоиштаро манъ намекунад. Соли 1992 боз як ҳамсоякишвари Русияву Чин – Муғулистон низ эълом дошт, ки ин кишвар низ мақоми бидуни аслиҳаи ҳастаиро қабул мекунад.



