Рӯзҳои 14-15-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар таъмини амнияти минтақавӣ: мушкилот ва дурнамо» конфронси байнулмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни конфронс масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ пас аз соли 2014 дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ миёни кишварҳои узви СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколама низ дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки атрофи масъалаи тавсеъаи СҲШ ва дурнамои ҳамгиройии минтақавӣ низ табодули назар сурат хоҳад гирифт.



