Пешниҳоди намояндаи Суди олӣ оид ба бетағйир гузоштани ҳукми Зайд Саидов

Имрӯз зимни баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои Зайд Саидов ҷониби айбдоркунанда сухани ниҳоии худро изҳор кард. Тавре ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, Маҳмадвалӣ Исоев, намояндаи Суди олӣ изҳор кардааст, ки ҳукми содиршуда нисбати Зайд Саидов аз ҷониби судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайров қонунӣ аст ва пешниҳод намудааст, ки он бетағйир боқӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз зимни баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои Зайд Саидов ҷониби айбдоркунанда сухани ниҳоии худро изҳор кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, Маҳмадвалӣ Исоев, намояндаи Суди олӣ изҳор кардааст, ки ҳукми содиршуда нисбати Зайд Саидов аз ҷониби судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайров қонунӣ аст ва пешниҳод намудааст, ки он бетағйир боқӣ гузошта шавад.

Адвокат ҳамчунин зикр кард, ки намояндаи айбдоркунанда пешниҳоди шикояти кассатсионӣ нисбати ҳукми судро, ки 25-уми декабри соли гузашта соир шуда буд, ғайриқонунӣ унвон кардааст.

«Дар робита ба шикояти кассатсионӣ мо ҳеҷ тағйироти ҷиддиеро интизор нестем, зеро ман дар таҷриба дидаам, ки ҳангоми баррасии шикоят ҳамеша мавқеи айбдоркунандаҳо дастгирӣ карда мешавад», – иброз дошт Қудратов.

Адвокатҳои Зайд Саидов, зимни баррасии шикояти кассатсионӣ рӯзи 6-уми май бори дигар изҳор намуданд, ки ҳукми нисбати зерҳимояи онҳо содиршуда аз ҷониби судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайров беасос ва бепоя аст. Шуҳрат Қудратов ҳамроҳ бо адвокати дигар Исҳоқ Табаров дар суд бо далелҳои бегуноҳии зерҳимояашон суханронӣ карданд. «Мо тамоми далелҳои бегуноҳии Зайд Саидовро пешниҳод кардем», – таъкид дошт Қудратов.

Ба гуфтаи адвокат, пас аз шунидани сухани ниҳоии ҷониби айбдоркунанда суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, акнун интизорӣ меравад, ки баъди як ҳафта нисбати ҳукм қарори ниҳоии худро содир намояд.

Қудратов зикр кард, ки соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар ҳар як ҷаласаи суд изҳор мекунад, ки тамоми айбномаҳо нисбати ӯ туҳмат буда, ҳукм ғайриқонунӣ аст.

Ҷаласаи аввал оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда санаи 15-уми апрел доир гардида буд. Шикоятро ба Суди олӣ адвокатҳо 30-юми декабри соли 2013 пешниҳод карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.