Нокомии Устопириён дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург»

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ноком шуд. Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал аз Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон […]

ASIA-Plus



Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ноком шуд. Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал аз Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври дувум аз Шоҳин Қаҳрамонов аз Озарбойҷон мағлуб гашт. Дар ин вазн, ки 26 нафар мубориза бурданд, Гиём Элмонт (Ҳолланд) ғолиб шуд.

Қобили зикр аст, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад. Ин дувумин мусобиқаи ин силсила дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи аввал моҳи феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуда буд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳамагӣ чаҳор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи севум моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чаҳорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ дида, ҳамроҳи устодаш ба Боку омада буд.

Дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку беш аз 350 варзишгар аз 41 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра ширкат доштанд.

Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор шуд. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, аз он ҷумла ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 5 ҳазор доллар супурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.