Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистон дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 12-13 майи соли равон дар Риёз баргузор мегардад, иштиорок мекунад.

Зимни сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ баргузор шудани як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба низ дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное