Шабдолов: Тоҷикистон ба иштирок дар амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад

– Тоҷикистон чун дигар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон) барои иштирок дар амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад, зеро Киев узви СААД нест, – изҳор дошт раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов. Сиёсатмадор маълумоти баъзе аз ВАО-и Русия дар бораи рӯзи 8-уми май зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони […]

Аваз Юлдошев



– Тоҷикистон чун дигар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон) барои иштирок дар амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад, зеро Киев узви СААД нест, – изҳор дошт раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов.

Сиёсатмадор маълумоти баъзе аз ВАО-и Русия дар бораи рӯзи 8-уми май зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД баррасӣ шудани масъалаи дастгирии амалиёти сулҳовари Русия аз ҷониби кишварҳои Созмонро носаҳеҳ унвон карда, таъкид дошт, ки СААД дар ҳолати таҳдиди ошкорову рӯирост ба яке аз кишварҳои узви Созмон дахолат карда метавонад.

«Дар асл рӯзи 8-уми май зимни вохӯрии ғайрирасмии кишварҳои узви СААД, Русия натанҳо иқтидори худ, балки нуфузи бузург доштанаш дар сиёсати ҷаҳониро нишон дод», – зикр кард раиси ҲКТ.

Ба эътиқоди ӯ, пас аз пошхӯрии кишварҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ваъдаи додааш ба Михаил Горбачёв вафо накарда, бо истифода аз ҳар роҳу восита босуръат ба Русия наздик шудан дорад.

Дар идома Шабдолов қайд кард, ки минтақаи ҷанубу шарқи Украина, ки дар он ҷо оид ба мустақилият раъйпурсӣ гузаронида мешавад, ояндаи наздик ба ҷумҳурии федеративӣ муттаҳид мешаванд, то ки ба вуруди нерӯҳои фашистии нав ба минтақа садд гузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.