Бозомӯзӣ дар масъалаи кумак ва дастгирии оила

Бо кӯмаки лоиҳаи шабакавии «Инкишофи барвақтии кӯдакон »-и Институти «Ҷомеаи Кушода»-и Британияи Кабир ва барномаи «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»-и Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронидани як қатор бозомӯзиҳо дар мавзӯи “Дахолати барвақтии кӯдакон”  ба нақша гирифта шудааст.  Тавре аз шуъбаи Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд,  бозомӯзии […]

ASIA-Plus



Бо кӯмаки лоиҳаи шабакавии «Инкишофи барвақтии кӯдакон »-и Институти «Ҷомеаи Кушода»-и Британияи Кабир ва барномаи «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»-и Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронидани як қатор бозомӯзиҳо дар мавзӯи “Дахолати барвақтии кӯдакон”  ба нақша гирифта шудааст. 

Тавре аз шуъбаи Институти «Ҷамъияти  Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд,  бозомӯзии аввал аз 12 то 14-уми майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе, дар маркази  тиҷоратии «Вефа» барои намояндагони сохторҳои давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, мақсади  асосии  гузаронидани ин бозомӯзиҳо аз он иборат аст, ки мутахассисони ватанӣ омода  карда шаванд ва фаъолиятҳои марбут ба кӯмаку дастгирии оила ва муассисаҳое, ки битавонанд таълим ва рушди беҳтари кӯдакро аз синни бармаҳал таъмин кунанд, ташкил карда шаванд.

Зимнан зикр гардид, ки бозомӯзиро Тоби Лонг, – профессори донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА, ки мутахассиси соҳаи   физиотерапевтика аст, мегузаронад.   Тоби Лонг дар масъалаи кор бо кӯдакони синну соли бармаҳал ва оилаҳои онҳо, дахолатҳо аз синну соли бармаҳали кӯдакон таҷрибаи калон дорад. Ӯ инчунин, ба ҳайси тренер ва мушовир метавонад масъалаҳои марбутаро  муҳокима  намуда,    бо боварӣ ва фаҳмиши комил ба саволҳои зиёди соҳаи мазкур ҷавоб диҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.