Зиёни навбатии офати табиӣ ба чанде аз ноҳияҳои кишвар

Аз боришоти шадиди шаби 10 ба 11-уми май чанде аз ноҳияҳои кишвар хисорот бардоштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи беҳад болоравии сатҳи об дар дарёи Элок аҳолии ҷамоатҳои ба номи Абдувосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат осеб дидааанд. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Аз боришоти шадиди шаби 10 ба 11-уми май чанде аз ноҳияҳои кишвар хисорот бардоштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи беҳад болоравии сатҳи об дар дарёи Элок аҳолии ҷамоатҳои ба номи Абдувосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат осеб дидааанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамоати ба номи Абдувосиев – 15, деҳаи Чорсӯ – 10 ва ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов – 2 манзили зист осеб дидааанд. «Дар ҷамоати Симиганҷ 5 автомашина, 10 манзили зист ва 1 мағоза зери сангу лойқа монда, 2 километр роҳи мошингард хароб шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон қубури нуқтаи таъминоти об (водопровод) хароб гардида, дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сел ба 400 манзили зист зарар расонидааст. «Айни замон дар маҳалҳои ҳодиса гурӯҳҳои корӣ машғули муайян кардани ҳаҷми хисороти расида мебошанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.