Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Чин раҳсипор шуд



Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Озодаи Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное