Мулоқоти С.Аслов бо дабири кулли Лигаи кишварҳои араб

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар таърихи 13 майи соли 2014 дар Риёз, ки бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд. […]

ASIA-Plus



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар таърихи 13 майи соли 2014 дар Риёз, ки бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Форуми мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молияи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар Форум масъалаҳои вобаста ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва шарикӣ, мусоидат ба беҳбуд ва рушд, таҳкими сулҳ ва оромиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нишаст дар фазои озод ва  ҳамкорӣ гузашт.

Гуфта мешавад, аз натиҷаи Форум Эъломияи нишасти аввали Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Лигаи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи Форум мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии кишвар бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ ва вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳои араб баргузор гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.