Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон коҳиш меёбад

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 3,3% ё худ қариб 54,2 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 3,3% ё худ қариб 54,2 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили беш аз 1 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 80 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 70 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 4 моҳи соли 2014 ҳаҷми содироти мол ҳудуди 280 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 37%  камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,3 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 9,1% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 4 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ҳудуди 465 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – беш аз 275 млн. $, Чин – 172 млн. $ ва Туркия – ҳудуди 123 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. $ зиёдтар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.