Зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Шокирҷон Шарифови 27-сола дар ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Челябинск вафот кард.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҷасади ҳалокшуда ба мурдахона (морг)-и шаҳри Челябинск оварда шуда, айни замон ташхисгарон сабаби марги ӯро таҳқиқ доранд.
«Сафорат бо сохторҳои дахлдори Русия мунтазам дар тамос буда, ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, намояндагии Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҷиҳати минбаъд ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дастур супоришҳо дода шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар вилояти Челябинск Исломиддин Раҷабов, таҳқиқи сабабҳои фавти Ш.Шарифов то ҳанӯз идома доштааст.



