Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин ба 2 млрд. $ расид

Нимаи дуюми рӯзи 17-уми май президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё бо сафари корӣ дар Чин қарор дошт, бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари […]



Нимаи дуюми рӯзи 17-уми май президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё бо сафари корӣ дар Чин қарор дошт, бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Чин баррасӣ шуда, ба масъалаҳои вобаста ба бунёди зербинои сайёҳӣ, ки дар бунёди шароити зарурӣ барои ҷалб ва қабули сайёҳони сершумор Чин таҷрибаи зиёд дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши солонаи мол миёни Тоҷикистону Чин аз сифр то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расид. Он ки ҳоло беш аз 2 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсили илм мекунанд, нишонаи таваҷҷуҳи хос ба густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо ин ҳамсояи бузург номида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.