Вазъи солимии консули тоҷики захмишуда қаноатбахш арзёбӣ мешавад

Табибон вазъи солимии консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудиро, ки ба автомашинаи ӯ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, қаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консулро табибони ҷопонӣ дар яке аз дармонгоҳҳои музофоти Қундуз ҷарроҳӣ кардаанд. […]



Табибон вазъи солимии консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудиро, ки ба автомашинаи ӯ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консулро табибони ҷопонӣ дар яке аз дармонгоҳҳои музофоти Қундуз ҷарроҳӣ кардаанд. «Ҷарроҳӣ муваффақона анҷом ёфта, айни замон Рустам Маҳмудӣ худро хуб ҳис мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май дар музофоти Бадахшони Афғонистон шахсони номаълум ба автомашинаи консули тоҷик

аз силоҳ оташ кушоданд

, ки бар асари он дипломат захмӣ шуд.

Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон мавриди тафтиш қарор дорад. То ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.