Шаҳбол Мирзоев рухсатӣ ва ба Хуҷанд оварда шуд

Пас аз ҷарроҳӣ дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки шоми 17-уми май Шаҳбол Мирзоев тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Хуҷанди ширкати «Тоҷик Эйр» ба ватан фиристода шуд. Акнун ӯ дар […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Пас аз ҷарроҳӣ дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки шоми 17-уми май Шаҳбол Мирзоев тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Хуҷанди ширкати «Тоҷик Эйр» ба ватан фиристода шуд. Акнун ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Хуҷанд давраи муолиҷаи баъди ҷарроҳиро мегузарад.

«Шаҳбол болидарӯҳ ва вазъи солимиаш хуб буд. Ӯро падару бародар ва табиби муолиҷавиаш то Хуҷанд ҳамроҳӣ мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Эгамзод, хароҷоти марбут ба харидории билетҳои ҳавопаймоӣ барои 4 нафар, иҷораи нақлиёти дармонгоҳ то фурудгоҳ ва дигар хароҷот дар робита ба ин масъаларо сафоратхона Тоҷикистон дар Русия пардохт кардааст.

Қаблан аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки прокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба фелдшер Усмон Ғайратовро, ки дар шикастани гардани сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, ба итмом расонида,

ба суд ирсол кардааст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи май пас аз ҷарроҳӣ шудани Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби табибони рус дар госпиали ҳарбии шаҳри Красногорски вилояти Маскав вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард. Қобили зикр аст, ки дар суратҳисоби дар «Агроинвестбонк» кушода ба номи Шаҳбол Мирзоев то имрӯз 3,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.