ВКД Тоҷикистон пайи «шикор»-и аъзои ҷамъияти «Ансоруллоҳ» аст

Сокини шаҳри Исфара, яке аз фаъолони ҳаракати тундгароии исломии «Ансорулллоҳ», ки фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2009 Муҳаммадфозил Тошболтаеви 27-сола барои ба ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад ба Сурия фиристодани бародари 23-солаааш Муҳаммадсолӣ ба ҳабс гирифта шуд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар […]



Сокини шаҳри Исфара, яке аз фаъолони ҳаракати тундгароии исломии «Ансорулллоҳ», ки фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2009 Муҳаммадфозил Тошболтаеви 27-сола барои ба ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад ба Сурия фиристодани бародари 23-солаааш Муҳаммадсолӣ ба ҳабс гирифта шуд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, кит Муҳаммадсолӣ соли 2013 озими Сурия шуда, моҳи январи соли 2014 дар шаҳри Алеппо дар ҷанг муқоибли нерӯҳои ҳукуматӣ ҳалок шудааст.

«Замони муҳоҷират дар Маскав ҳабсшуда бо аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, сокинони шаҳри Исфара – бародари бузурги худ Муҳаммадкарим, Савриддин Ҷӯраев, Мансур Маҳкамов, Илёс Ҳомидов, Баҳодур Бобоев ва ҳамчунин амири «Аносруллоҳ» дар Маскав – сокини Исфара Мирзомаъруф Наҷмиддинов робитаи зич барқарор карда, бо онҳо нақшаҳои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун сохтани ҳукуматҳои дунявӣ дар кишварҳои минтақаи Осиё Марказиро омода мекардааст», – гуфт номбурда.

Дар идома ӯ зикр кард, ки соли гузашта ҳабсшуда Муҳаммадфозил Тошболтаев ба амири «Ансоруллоҳ» М.Наҷмиддинов савганди садоқат ёд карда, ба хотири вафодорӣ назди амир бародари хурдии худро ба ҷиҳоди Сурия равона кардааст. «Аксари сокинони шаҳри Исфараи дар боло зикршуда айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд», – афзуд Ҷ.Садриддинов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.