Иштироки сокинону меҳмонони Душанбе дар аксияи Шаб дар осорхона

Рӯзи 18-уми май дар осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» доир гардид. Аксия байнулмилалӣ буда, Тоҷикистон бори дуюм дар он иштирок мекунад. Ҳадафи баргузории ин аксия муттаҳид намудани ҳама атрофи таъриху ҳунар буда, он то соати 23-и шаб идома ёфт. Аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» аз ҷониби Осорхонаи миллӣ […]

Давлатёр Байдулло



Рӯзи 18-уми май дар осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» доир гардид. Аксия байнулмилалӣ буда, Тоҷикистон бори дуюм дар он иштирок мекунад.

Ҳадафи баргузории ин аксия муттаҳид намудани ҳама атрофи таъриху ҳунар буда, он то соати 23-и шаб идома ёфт. Аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» аз ҷониби Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи косибони Тоҷикистон созмон дода шуд.

Шаб дар осорхона аксияи байнулмилалиест, ки ба таблиғи нақши осорхона дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба осорхонаҳо равона гардидааст. Ин аксияи маъмулӣ ҳамасола дар 30 ҳазор осорхонаҳои 120 кишвари саросари дунё гузаронида мешавад.

Моҳи марти соли 2013 маросими ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Осорхона аз 22 толори хурду бузург иборат аст. Барои ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ шуъбаи байнулмилалӣ амал мекунад. Майдон барои намоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба 15 ҳазор метри мураббаъ баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.