Мақоми дуюми Дилшод Назаров дар мусобиқоти Олмон

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Халлери Олмон гурзандози маъруфи тоҷик бо натиҷаи 79,58 метр зинаи дуюмро ишғол кард. Мақоми аввалро бо натиҷаи 80,07 метр варзишгари Полша Павел Файдеку ва зинаи сеюмро бо нишондиҳандаи 76,83 метр гурзандози рус Сергей Литвинов касб карданд. Қобили зикр аст, ки баъдан мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии […]



Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Халлери Олмон гурзандози маъруфи тоҷик бо натиҷаи 79,58 метр зинаи дуюмро ишғол кард.

Мақоми аввалро бо натиҷаи 80,07 метр варзишгари Полша Павел Файдеку ва зинаи сеюмро бо нишондиҳандаи 76,83 метр гурзандози рус Сергей Литвинов касб карданд.

Қобили зикр аст, ки баъдан мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук шурӯъ мешавад. Рӯзи 2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. «Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад», – изҳор дошта буд Дилшод Назаров.

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона – соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон – ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.