Озмуни БМТ барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, иштирокчиён […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, иштирокчиён бояд тарҳи ҳарду тарафи тангаро пешниҳод намуда, дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ бояд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.

«Яке аз шартҳои тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Саид Алии Ҳамдонӣ он аст, ки расми онҳо бояд тасвир ёфта бошад. Тарроҳон ҳамчунин метавонанд аз тасвири китоб ва қалам дар онҳо истифода кунанд», – иттилоъ медиҳад БМТ.

Дар робита ба тангаҳои хотиравӣ ба муносибати 20-солагии Конститусия ва 90-солагии шаҳри Душанбе тасвири рақамҳои 20 ва 90 ҳатмӣ аст. «Зимни таҳия тарроҳон метавонанд харитаи Тоҷикистон ва навгониҳои меъмории пойтахтро истифода кунанд», – зикр мегардад дар хабари БМТ.

Дар мавриди арзиш (номинал)-и тангаҳо қайд мешавад, ки тарроҳон ба мустақилона муайян кардани арзиши танга ҳуқуқ доранд ва минбаъд он аз ҷониби Бонки миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Натиҷаҳои озмун 1-уми июни соли 2014 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.