Дастгоҳи Омбудсмен: Сарбоз Акмал Давлатов бар асари лату кӯб ҳалок шудааст



Сарбози нерӯҳои марзбонии ноҳияи Мастчоҳ Акмал Давлатов, ки дар хулосаи тиббӣ сабаби маргаш «дар гулӯяш дармондани нон» зикр шуда буд, бар асари лату кӯб аз ҷониби сержанти хурди қисми низомӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд.

«Аз рӯи ин ҳодиса нисбати сержанти хурди қисми ҳарбии 2850 Фаррух Давлатов мутобиқи моддаи 391, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳ, ӯ бо маҳдудият дар хизмати ҳарбӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол ва манъи ишғоли вазифаҳои муайян муҷозот шуда метавонад», – гуфтанд дар дастгоҳи Омбудсмен.

Қаблан ба «Азия-Плюс» иттилоъ расида буд, ки ҷасади Акмал Давлатов рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ ба хонааш оварда шуда, ба волидайнаш, ки дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, супурда шуд. Тибқи баъзе маълумот, ним сол қабл Акмал Давлатов бо тарзи маҷбурӣ (облава) ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи ба ин монанд ҳодисаҳо дар Артиши Тоҷикистон қаблан ҳам иттилоъ дода шуда буд. Сарбози 21-сола Мақсуд Носиров низ дар қисми ҳарбии шаҳри Истаравшан дар натиҷаи лату кӯб аз ҷониби ҳамхизматҳояш ба ҳалокат расида буд. Аз рӯи ин далел нисбати чор сарбоз мутобиқи моддаи 373-и КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гунаҳкоронро ҷазои аз 3 то 5 соли зиндон интизор аст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи падари сарбоз, дар ин ҳолат ҳеҷ кадоме аз афсарон ва шахсони мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи ҳарбии вилояти Маскави Русия Шаҳбол Мирзоевро ҷарроҳӣ намуда, барои ин оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард.

spot_imgspot_img

Популярное