Шабдолов: Аз 310 нерӯгоҳи хурди барқии сохташуда 300-тоаш кор намекунад

Зимни баррасии масъалаи тасдиқи созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки аз 310 нерӯгоҳи хурди барқии замони истиқлолият дар Тоҷикистон сохташуда 300-тои онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кор намекунанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки агар […]



Зимни баррасии масъалаи тасдиқи созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки аз 310 нерӯгоҳи хурди барқии замони истиқлолият дар Тоҷикистон сохташуда 300-тои онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кор намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки агар бурсҳои ба Тоҷикистон пешниҳодшудаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ мақсаднок ва бидуни корррупсия истифода шаванд, онҳо метавонанд чандин маротиба зиёд шаванд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки дар созишномаи мазкур барои рушди истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия ва технологияҳои сарфаи энергия дар Тоҷикистон ба сифати бурс ҷудо гардидани 11,8 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Нуралиев таъкид кард, ки соли равон ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Бонки ҷаҳонӣ низ ба маблағи 22 млн. доллари ИМА ба ин монанд созишномаро ба имзо расонад.

Палатаи поёнии парлумон созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли гузашта дар Душанбе баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз»-ро тасдиқ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.