Ҳабси чанде аз дастандаркорони бетартибиҳо дар Хоруғ

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон чанде аз дастандаркорони бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаммаслакони дар озодӣ қарордоштаи созмондиҳандагони бетартибиҳо таъҷилан озод кардани онҳоро талаб доранд, ки иҷрои ин талаби онҳо ғайриимкон мебошад. […]



Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон чанде аз дастандаркорони бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаммаслакони дар озодӣ қарордоштаи созмондиҳандагони бетартибиҳо таъҷилан озод кардани онҳоро талаб доранд, ки иҷрои ин талаби онҳо ғайриимкон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, талаби дигари онҳо бобати ба ихтиёрашон супурдани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба гуфтаи онҳо, дар марги ду сокини маҳаллӣ гунаҳкор будаанд, низ қобили қабул нест.

«Далели аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ истифода шудани силоҳи оташфишон ва то кадом андоза қонунӣ будани онро мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд, на як гурӯҳи ҷудогонаи шаҳрвандон», – таъкид дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ба сафарбарии нерӯҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ ҳеҷ зарурате нест. «Дар худи Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он нерӯ ва воситаҳои мақомоти қудратӣ кофӣ аст. Ғайр аз ин, аксари кулли сокинони шаҳр низ мустақилона метавонанд афроди қонуншиканро ба мусолиҳа даъват карда, масъаларо ҳаллу фасл кунанд», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.