Супориши президент оид ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи Хоруғ



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ миёни онҳо тирпаронӣ сурат гирифта, боиси фавтидани 2 нафар ва захмӣ шудани чанд каси дигар аз ҳарду ҷониб гардидааст.

Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд, прокуратура ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матуботи сарвари давлат дар ин робита ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов телефонӣ суҳбат намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ахбори Раиси вилоятро доир ба ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад.

Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бечуну чаро таъмин гардад.

Қобили зикр аст, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное