Дар вохӯрии навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов бо ёдоварӣ аз истеъфои худ муқобили иродаааш изҳор намуд, ки аз ин то ҳол дилмонда аст, зеро натавонистааст кори он вақт оғозкардааш – сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва нақби «Анзоб»-ро ба итмом расонад.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаи маҳалгароӣ он замон дар ҳайати ҳукумат ӯ ба хотир овард, ки он замон низ ин мушкилот ҷой дошт ва бисёриҳо ӯро низ ба он айбдор мекарданд, ки дар ҳукумат ленинободиҳо хеле зиёданд.. «Ман аввалин касе будам, ки Иззатулло Ҳаёеви кӯлобиро раиси Шӯрои вазирон таъин кардам, зеро ӯ ба ин мансаб лоиқ буду мо ба маҳалли номзадҳои ба вазифа пешниҳодшуда эътибор намедодем, лекин айни замон намедонам, ки дар ин масъала маҳалгароӣ вуҷуд дорад ё на», – ҷиддӣ изҳор намуд Маҳкамов, ки ба хандаи баланди ҳозирин боис гардид.
Маҳкамов бар ин назар аст, ки толеъи мардуми тоҷик баландӣ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият омад. «Ӯ дар замони хеле душвор сари мансаб омад. На ҳар касе аз уҳдаи иҷрои ин вазифа мебаромад. Аз ин рӯ, хуб аст ё бад, ман чунин мешуморам, ки ин шахс барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ӯ шахсест, ки хоҳони рушди кишвар, сари кор омадани кадрҳои нав аст. Даҳ соли аввад ӯ асосан ба масоили истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ машғул буд. Ман бовар дорам, ки то ахири муҳлати президентии худ ӯ ба дастовардҳои зиёде ноил мегардад ва он замон шумо Тоҷикисионро нахоҳед шинохт, хеле зебо хоҳад шуд», – мутмаин аст президенти нахустини ҷумҳурӣ.
Дар робита ба зиндагии имрӯзааш ӯ зикр кард, ки қаблан 200 ва аз соли 2010 то имрӯз 500 доллари ИМА нафақа мегирад, ки барои зиндагиаш кифоя аст ва барои бензин бисёр маблағ хароҷот мекунад.
Бо ёдоварӣ аз имзои Созишномаи Беловежск Маҳкамов изҳор кард, ки Горбачёв вазъро тағйир дода метавонист, аммо ӯ пошхӯрии Итттиҳоди Шӯравиро авлотар донист. «Акнун Украинаро бинед. Магар Украина дар зиндон буд, ки касе ӯро озод кард? Ман бовар дорам, ки таърих ҳамаро ба ҷояш мегузорад ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ боз муттаҳид мешаванд, вале танҳо каме бо сохтори дигар. Ҷаҳон ба ду қисмат тақсим мешавад – ин тарафи уқёнус ва он тарафи уқёнус», – ибрози андеша кард ӯ.
Президенти нахустини Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро яке аз масъалаҳои хеле муҳим барои Тоҷикистон арёзбӣ кард. «Танҳо барои пайдо шудани имкони оғози сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мо 10 сол овора шудем. Маблағи ххароҷоти сохтмони нерӯгоҳ бо шаҳракаш 1 млрд. 347 млн. рублро ташкил медод. То соли 1989 кор хеле хуб мерафт ва сипас директори сохтмон ба назди ман омада, изҳор кард, ки сокинони маҳаллӣ ба онҳо имкони кор кардан намедиҳанд, гӯё деҳа ва баъдтар китобхона зери об мемондааст. Хуллас, ба мо имкон намедоданд, ки кори оғозкардаамонро ба итмом расонем. Мутаассифона, соли 1991 ба яғмобарии таҷҳизоту мошинҳои сохтмон оғоз гардида, 700 адад мошини боркаши худкор (самосвал), экскаваторҳо гум шуданд. Ҳамаи онҳоро ба оҳанпора супурданд», – гуфт ӯ бо таассуф.
Ба саволи журналистон дар бораи аз чизе тассуф хӯрдан Қаҳҳор Маҳкамов посух дод, ки «танҳо аз он дар таассуфам, ки ба ман барои ба анҷом расонидани кори оғозкардаам имкон надоданд».



