Хатлон: Мурофиаи аъзои комиссияи 26 мактаббачаро ба хизмати ҳарбӣ даъваткарда

Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии аъзои комисссияи даъвати ноҳияи Шаҳритӯс, ки соли 2013 ғайриқонунӣ 25 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда буданд, ҷараён дорад. Бино ба иттилои раиси суди харбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров, аз рӯи ин парванда 10 нафар шахсони масъули ноҳияи Шаҳритӯс, аз ҷумла чор нафар директорони […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии аъзои комисссияи даъвати ноҳияи Шаҳритӯс, ки соли 2013 ғайриқонунӣ 25 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда буданд, ҷараён дорад.

Бино ба иттилои раиси суди харбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров, аз рӯи ин парванда 10 нафар шахсони масъули ноҳияи Шаҳритӯс, аз ҷумла чор нафар директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ду раиси ҷамоатҳо, кормандони шуъбаи маориф ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

«Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар яке аз нишастҳои хабарӣ прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Маҳмуд Алимардонов дар мавриди ин масъала изҳор карда буд, ки аз ин 25 нафар мактаббачагони ғайриқонунӣ ба хизмат даъватшуда, 4 нафарашон аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бозхонд ва ба хонаҳояшон баргардонида шуда, толибилмони боқимонда хоҳиши идома додани хизмат дар артишро дархост кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.