Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мудири Шӯрои зербинои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (AFC) оид ба кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ Муаззам Меканро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону AFC, робитаҳои бисёрҷониба дар шарикӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ба масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои коркарди сабзавоту мева, нигаҳдориву захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши имконоти содиротии кишоварзони Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос барои бахши энергетикаи Тоҷикистон ва роҳҳои беҳбуди вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» табодули назар намуданд.



