Баррасии масоили бахши энергетика дар вохӯрии Расулзода бо намояндаи AFC

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мудири Шӯрои зербинои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (AFC) оид ба кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ Муаззам Меканро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону AFC, робитаҳои бисёрҷониба дар шарикӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мудири Шӯрои зербинои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (AFC) оид ба кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ Муаззам Меканро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону AFC, робитаҳои бисёрҷониба дар шарикӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ба масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои коркарди сабзавоту мева, нигаҳдориву захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши имконоти содиротии кишоварзони Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос барои бахши энергетикаи Тоҷикистон ва роҳҳои беҳбуди вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.