Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– 24 май

назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек (кӯч. Карадаринская, 36) «алайҳи зуҳури зӯроварии дар Хоруғ ҷойдошта» аксияи осоиштаи эътирози зодагони ВМКБ доир мегардад. Оғоз соати 11-00 (вақти Бишкек);


– 24 май

дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти ройгони гурӯҳи ҳунарӣ аз ИМА «Дэвид Дорфмен Дэнс» (The David Dorfman Dance Company) баргузор мешавад. Оғоз соати 17-00;


– 24-25-уми май.

Вохӯриҳои даври навбатии мусобиқоти футтболи Лигаи олии Тоҷикистон: 24. май: Энергетик – Вахш (майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ), Регар-ТадАЗ – Хайр (ш.Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»), Далерон-Ӯротеппа – Парвоз (Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ). Оғози бозиҳо соати 17-00; 25 май: Хуҷанд – КМВА «Помир» (Хуҷанд, Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон). Оғози бозӣ соати 18-00, Истиқлол – Равшан (Варзишгоҳи марказии Душанбе). Оғози бозӣ соати 17-00);


– 25-30-юми

май дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд;



Қурби асъор


1

доллари ИМА

–  4.9016

сомонӣ;


1

евро

– 6.9354

сомонӣ;


1

рубли русиягӣ

– 0.1438

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


24 Май


1925

– Шумораи нахустини рӯзномаи «Комсомольская правда» нашр шуд.


2011

— Дар Тоҷикистон Маркази пайванд (трансплантатсия)-и узвҳои бадан ва бофтаҳо ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Миёна нахустин аст.


2012

— Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОЛии ҶТ лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот»-ро ҷонибдорӣ намуданд.


1915-1996

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумӣ Раъно Ғолибова.


1928-1993

– Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Саймуддин Бурҳонов.


1924

– Зодрӯзи профессор Содир Форсихонов.


25 Май


1933

– Таъсиси ноҳияи Ванҷ.


1945

– Дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.


1962

– Ифтитоҳи Ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.


1993

– Миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.


2004

– Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.


2010

— Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.


1926

– Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.


1929

– Мавлуди доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.


1937

– Зодрӯзи журналист Қадам Мӯъминшоев.


1946

– Мавлуди нависанда Сулаймон Эрматов.


1948

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.


1949

– Мавлуди журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.


1965

– Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.


1972

– Мавлуди журналист Самариддин Асозода.



Вазъи обуҳаво


24-уми май


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +16+21;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +3+8.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.


25-уми май


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +18+23;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +8+13.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

spot_imgspot_img

Популярное