Ахири моҳи апрел давоми 7 рӯз бо дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамчунин кумаку мусоидати ҳамкорон аз шаҳри лаби дарёи Нева дар галереяи «Мастер – Класс»-и шаҳри Санкт-Петербург намоишгоҳи инфиродии асарҳои рассоми тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Вафо Назаров доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодӣ Вафо Назаров ҳнуари тасвирии ҷумҳуриро дар зиёда аз 40 кишвари дунё муаррифӣ кардааст.
Сокнинони шаҳри Санкт-Петербург ва рассомони касбӣ аз тамошои 45 расмҳои ба мавзӯъҳои мухталиф бахшида ва бо тарзу услубҳои гуногун офаридаи ҳунарманд баҳра бурда, ба гуногуншаклӣ, эҳоси дарк ва қабули ҷаҳони имрӯза аз ҷониби муаллиф, нозукиҳои қалами ӯ баҳо доданд.
Ба ифтихори намоишгоҳи бахшида ба 90-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Душанбе – бародаршаҳри Санкт-Петербург Шабакаи маърифатии Оксфорд ва Донишгоҳи омӯзиши бунёдӣ (фундаменталӣ) рассоми тоҷик Вафо Назаровро ба унвони фахрии Доктори фахрии фалсафа дар соҳаи ҳунари ҷаҳонӣ сазовор дониста, дар вазъи ботантана дипломро ба ӯ ректор, профессор, академик Санти Ҷаясекера тақдим кард.



