Намоиши асарҳои рассоми тоҷик ба сокинони Санкт-Петербург

Ахири моҳи апрел давоми 7 рӯз бо дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамчунин кумаку мусоидати ҳамкорон аз шаҳри лаби дарёи Нева дар галереяи «Мастер – Класс»-и шаҳри Санкт-Петербург намоишгоҳи инфиродии асарҳои рассоми тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Вафо Назаров доир гардид. […]

ASIA-Plus



Ахири моҳи апрел давоми 7 рӯз бо дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамчунин кумаку мусоидати ҳамкорон аз шаҳри лаби дарёи Нева дар галереяи «Мастер – Класс»-и шаҳри Санкт-Петербург намоишгоҳи инфиродии асарҳои рассоми тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Вафо Назаров доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодӣ Вафо Назаров ҳнуари тасвирии ҷумҳуриро дар зиёда аз 40 кишвари дунё муаррифӣ кардааст.

Сокнинони шаҳри Санкт-Петербург ва рассомони касбӣ аз тамошои 45 расмҳои ба мавзӯъҳои мухталиф бахшида ва бо тарзу услубҳои гуногун офаридаи ҳунарманд баҳра бурда, ба гуногуншаклӣ, эҳоси дарк ва қабули ҷаҳони имрӯза аз ҷониби муаллиф, нозукиҳои қалами ӯ баҳо доданд.

Ба ифтихори намоишгоҳи бахшида ба 90-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Душанбе – бародаршаҳри Санкт-Петербург Шабакаи маърифатии Оксфорд ва Донишгоҳи омӯзиши бунёдӣ (фундаменталӣ) рассоми тоҷик Вафо Назаровро ба унвони фахрии Доктори фахрии фалсафа дар соҳаи ҳунари ҷаҳонӣ сазовор дониста, дар вазъи ботантана дипломро ба ӯ ректор, профессор, академик Санти Ҷаясекера тақдим кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.