Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Баҳрайн дидору гуфтушуниди ӯ бо шоҳи Баҳрайн, ҷаноби олӣ Ҳамад бин Исо Ал-Халифа ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст. Ҳамчунин зимни ин сафар бо иштироки тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор намудани ҳамоиши тиҷоратӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, алҳол миёни Шоҳигарии Баҳрайн ва Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом напазируфтааст.



